Корхонаи 'Арвис' як корхонаи амудии ҳамгирошуда буда, ба истеҳсоли дастмолҳои рӯймолӣ ва халатҳо мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ тахассус дорад. Иқтидори истеҳсолии корхона 3600 тонна матоъҳои рӯймолӣ ва 500 намуди маҳсулот дар як солро ташкил медиҳад.
Таҷҳизоти хатти технологии корхона пурра аз моделҳои навтарини ширкатҳои пешбари Белгия, Олмон, Туркия, Ҷопон, Корея ва Чин иборат аст. Раванди истеҳсолот ба якчанд марҳила тақсим мешавад, ки аз қабули ришта, истеҳсоли матои рӯймолӣ, ранг кардани матоъ ва то ба итмом расонидани дӯхти маҳсулоти ниҳоӣ – дастмолҳои рӯймолӣ ва халатҳо оғоз меёбад.
Дар корхона танҳо риштаи баландсифати истеҳсоли маҳаллӣ истифода мешавад.
«Арвис» - ин вожа дар забони ҳозираи тоҷикӣ вуҷуд надорад ва дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» низ дида намешавад. (1969) ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (2010) низ нашр нашудаанд. Ба қавли муаллифи «Бурҳони Қотеъ» вожаи «Арвис» маънои як навъ ресмони пайдоиши органикиро дорад.
Муносибати ба мизоҷон нигаронидашуда, васеъ ва такмил додани номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда.
Мо ҳар як харидори худро қадр мекунем ва мехоҳем ба онҳо ба шарофати маҳсулоти зебо ва гувороямон ҳисси роҳат бахшем.
Мусоидат ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти баландсифат барои баланд бардодани рақобатпазирии маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ.
Дар корхона танҳо ашёи хоми баландсифати истеҳсоли маҳаллӣ истифода мешавад.
Фаъолияти «А’рвис» дар афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти баландсифати саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.