ҶДММ «Arvis» ин ширкати нассоҷии амудӣ интегратсияшуда аст, ки ба истеҳсоли маснуоти патдор махсус гардонида шудааст.
ҶДММ «Arvis» бозори нассоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гириҷтааст ва тадриҷан ба туфайли истеҳсоли маснуоти баландсифат бо истифода аз ҷорӣ намудани технологияи ҷадид, кордонии кормандон ва равиши муосир дар соҳаи менеҷмент мавқеи пешро дар бозори ҷаҳонӣ кашф мекунад.
Ҳадафи ҶДММ «Arvis» ин истеҳсоли маснуоти баландсифати ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва баланд бардоштани рақобатпазирии нассоҷии ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.
Вобаста ба масолехи бофандаги дар фарханги мазкур истилохи зиёде шарх дода шудааст, ки кисме аз онхо имрўз корбурд намешаванд, вале иддае аз онхо дар хамон шакли кадими мавриди истифода карор доранд. Масалан, истилохи «Арвис».
Вожаи мазкур дар забони имрўзаи точики роил нест ва дар «Фарханги забони точики»
(1969) ва «Фарханги тафсирии забони точики» (2010) низ дарч нагардидааст. Дар асоси иттилои муаллифи «Бурхони котеъ» вожаи Арвис ифодакунандаи як навъи ресмоне мебошад, ки онро аз пайдоиши органикӣ мекунанд.
Мо дорои таҷҳизоти технологии баландсифат мебошем, ки он имкони истеҳсол кардани навъҳои гуногуни матоъҳои талаботашон дар бозор ва истеъмолкунандагон баландро медиҳад. Мо шароитҳои беҳамторо барои шумо ва тиҷорати шумо муҳайё месозем.
Бо дастовардҳои худ қаноат намекунем! Такмили самаранокӣ ин раванди беохир ва ҷолиб аст.
Истеҳсоли масолеҳи баландсифат аз коркард то маснуоти тайёр, ки имкони назорати раванд дар ҳама марҳилаҳоро медиҳад.
Доираи пурраи истеҳсолот ба мо имкон медиҳад, ки шарикони худро бо нархҳои рақобатпазир таъмин кунем.
Самти махсуси фаъолияти ширкати мо ин фармоишҳои инфиродӣ мебошанд. Ин муносибат барои ба даст овардани натиҷаи ниҳоӣ ва муносибати байни фармоишгар ва истеҳсолкунанда хеле муҳим аст.
Мо тамоми ҷузъиёти раванди истеҳсолотро ба назар гирифта, маснуоти амалӣ ва боэътимод истеҳсол мекунем. Имкониятҳои мо барои қонеъ гардонидани талаботи баланди муштариён мусоидат мекунанд. Ба шарофати кори мураттаб ва дурусти коллектив мо ба натиҷаҳо ва ҳадафҳои пешбинишуда ноил мегардем.
— Кластери пахтаи шумо
— Истеҳсоли матоъҳои худи шумо
— Навъҳои гуногуни риштаҳо
— Сехҳои бофандагие, ки имкони истеҳсоли матоъҳои таркибашон гуногунро медиҳанд. Истеҳсолоти мо имкони коркарди муосири матоъро (мерсирехатсия, самфоризатсия,рангкунӣ, мӯҳри ротатсионӣ, мӯҳри рақамӣ ва ғ.) медиҳад.
— Хатҳои истеҳсолӣ ИМКОН МЕДИҲАНД, ки миқдори зиёди маснуотро дар як баст истеҳсол кунем.
Менеҷерҳои мо барои интихоби дуруст кӯмак мерасонанд!
Душ – Ҷум аз соати 8:00 – 17:00
Шанбе аз соати 9:00 – 13:00
Якшанбе – рӯзи истироҳат